БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАЪЙИ МО БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  дар деҳаи Ҳаёти Нав бо иштироки сокинон  ва номзад аз  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, раиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва дигарон иштирок доштанд.    Одилҷон Маҳмадов  ҳамчун шахси  боэътимоди номзад Сафарзода Бахтовар Амиралӣ баромад намуда, ба ҳозирин шарҳи ҳоли номзад ва фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ӯро ироа намуд. Сипас,  Сафарзода Бахтовар  суханронӣ намуда, доир ба кору фаъолияте, ки   ҳангоми вакилӣ дар давоми 5 сол ба анҷом расонида буд,  ба ҷамъомадагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.Ҳамзамон ба ҳозирин барои иштирок дар интихобот ва вазифаҳои дар пешистодаи ҳар як шаҳрванд дар рӯзӣ ин маъракаи сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар охир аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки сулҳу ваҳдат ва ягонагии мамлакат аст, ки имрӯзҳо дар фазои демократӣ ҳар як шаҳрванд метавонад озодона дар интихобот иштирок намуда, райъи худро ба номзади арзандаи худ диҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg