Санаи 27-уми феврали соли равон дар арафаи интихоботи даъвати нави вакилони халқ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аксияи ҳизбиро таҳти унвони «Барои зиндагии шоистаи худ овоз медиҳем!» дар маркази вилояти Хатлон доир намуд. Ин Аксия ҷиҳати боз ҳам бештар муаррифӣ кардани ҲХДТ ва номзадҳои он миёни мардум, инчунин ҷамъбасти чорабиниҳои таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.
Дар ҳамин рӯз аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш, А.Ҷомӣ ва Ҷ.Балхӣ дар кӯчаҳои маркази вилоят – шаҳри Бохтар варақаҳои таблиғотиро миёни сокинон паҳн намуданд. Сипас, дар қисмати сиёсӣ-фарҳангии Аксия дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барномаи сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштирокӣ ҳунармандон ва санъаткорон доир карда шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 3000 нафар ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб бо шиор ва парчамҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
Зимнан, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Барои зиндагии шоистаи худ овоз медиҳем!» даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, санаи 1-уми марти соли равон дар маъракаи муҳими сиёӣ–Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона ширкат варзида, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда раъй диҳад ва дар рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузорад, зеро иштироки фаъоли шаҳрванд дар интихобот ва раъйи вай рушди ояндаи давлатро муайян мекунад. Раъйи Шумо дар интихобот ба тарафтории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он ба манфиат хоҳад буд.