БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба Ватан вазифаи фарзандии мост

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Лолазор 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин  дар ин раванд оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, ҷалби бештари ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи марзу буми кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, бо дастовардҳои назаррасу дилхоҳ  сипарӣ кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карданд.

Пас аз суханрониҳои пурмазмун дар деҳаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав бо номи «Лолазор-2» таъсис дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg