БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг силоҳи маънавии давлат аст

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Ориёнои ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Подшоқулов Парвиз ва дигар шахсони расмӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар охири вохӯрӣ бо дастгирии сокинон дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидои ҳизбӣ бо номи  «Ориёно» таъсис дода шуда, Саидов Хуҷа раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg