Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии Икромова Ҷамила Амирхоновна номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Шӯрообод №01 бо интихобкунандагон доир гардид.
Шахси боэътимоди номзад Икромов Шералӣ ба сухан баромада, муаррифнома ва барномаи пешазинтихоботии номзадро ба саъми интихобкунандагон расонид, ки аз ҷониби сокинон барномаи мазкур хуб дастгирӣ ёфт. Баъдан намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози ақида намуда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дастгирии дастаҷамъонаро таъкид сохтанд.
Қисмати интиҳоии вохурӣ бо суолу ҷавобҳои асоснок оид ба дарки амиқ ва фаҳмиши мардум аз мафҳуму моҳияти интихобот ҷамъбаст гардид.