БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ФОСИЛАИ 5 СОЛИ ОХИР БА ҲАЛЛИ МУВАФФАҚИ ВОБАСТА БА РУШДУ ИНКИШОФИ ҶОМЕА ДАСТ ЁФТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи  «Чорбоѓ»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи  Шаҳритуз иштироки намояндагони ҳизбӣ  бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин дар рафти суҳбат дар бораи моҳияти Паёми имсолаи Роҳбари давлат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ,  ки он самтҳои муҳимтарини соҳаҳои мухталифи ҷомеаро барои солҳои 2020-2025  дар бар мегирад, андешаронӣ карда, қайд доштанд, ки  марҳилаи ислоҳот дар самти таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардида, барномаҳои нав рӯи даст гирифта шуданд. Махсусан, дар ин самт дар Барномаи солҳои 2015-2020 масъалаҳои нигоҳдорӣ ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва терроризму экстремизм, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатӣ ва ғайра буданд, ки ҲХДТ дар фосилаи 5 соли охир ба ҳалли муваффақи онҳо вобаста ба рушду инкишофи ҷомеа даст ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg