А.ҶОМӢ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ- ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии номзад ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қузибоев Умед ба панҷ нафар оилаҳои ниёзманду маъюбони деҳаиТути Ҷамоати деҳоти Калинин кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд.
Ин иқдоми неку созанда аз ҷониби ниёзмандон ҷонибдорӣ карда шуда, ин амали ватандӯстонаро давоми ғамхориҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда шуд.