БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

А.ҶОМӢ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 -и деҳаи Тути ҷамоати деҳоти Калинин  бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва бобати расонидани  нуктаҳои муҳимми Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъулин  оид ба масъалаҳои дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ овардашуда, аз ҷумла барои таъмини сифати баланди хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомидании тоза, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути ташкил намудани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ибрози андеша карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg