БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРӢ АЗ ҲХДТ-САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОЯНДАИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дар ташкилотҳои  ибтидоии “Навдӣ” ва “Арал”-и Ҷамоати деҳоти Қадриддин  Ғиёсов  вохӯрии судманд  баргузор гардид.

Мавсуф  аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат, оид ба саҳм гузоштан дар ободию бунёдкорӣ, созандагӣ, тарбия намудани ҷавонону наврасон  дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пешгирии ҷавонону наврасон аз  шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳазар намудан аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва хатари он ба инсон, муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зидди коррупсия ва амалҳои нангини он, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа  баромад намуда, дар заминаи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, оғози бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ,  сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин,  дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бунёди сохтмони муассисаҳои таълимию тандурустӣ  ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин роҳ паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳозирин маслиҳату тавсияҳои назаррас дод.

Дар охири чорабинӣ оид ба риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдоварӣ карда  шуда, қайд гардид, ки  дар маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи дарпешистодаро  ба таври озод, шаффоф ва демократӣ баргузор намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg