А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва бобати расонидани нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Масъулин дар баромади хеш оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад карда, ба падару модарон таъкид намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳия садоқату муҳаббат ба Ватан ва ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, адои хизмат намуданро дар дили онҳо ҷо намоянд.
Ҳамчунин дар рафти суҳбат қайд гардид, ки қонуни мазкурро риоя намуда, фарзандони худро аз амалҳои номатлуб ва аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва аз хатарҳои марговари он огоҳ карда шуда, ҷамъомадагон ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят гардиданд.