БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ САРЧАШМАИ САОДАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ш.Шоҳин»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки таи чанд соли охир Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи декабр ва ҳамзамон яке аз рӯзҳои анҷоми сол ироа мегардад, ба таври барҷаста ва равшан  ҳадафу мароми мардуми тоҷикро барои боз як соли дигар муқаррар менамояд. Паёми навбатии Пешвои миллат дар баробари шарҳу тафсири ҳамин ҳадафу рисолати бузурги мардуми тоҷик дар ростои як соли таърихии моро дар истиқбол қарор дошта, ба таври возеҳ ва мустанад як марҳилаи таърихии ташаккули давлатдории миллии моро дар тамоми риштаҳои хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ ва бегумон вазифаҳои бузургро натанҳо барои соли оянда, балки даҳсолаҳои дигар муайян гардонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg