ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ масъулин қайд карданд, ки мо соҳиби давлати миллӣ ҳастем ва бо роҳи бунёд кардани низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем. Забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, забони ваҳдатофарин мебошад. Донистан, омӯхтан ва ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн раванд, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарии мо сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд мекунад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.