ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Корвонгузар»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо интихобкунандагон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни андешаронӣ масъулин қайд карданд, ки бо камоли итминон изҳор медорем, ки Паёми навбатии Пешвои миллат сарчашмаи муҳими шурӯи марҳилаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳии миллии мо ба шумор меравад. Зеро муҳимтарин барномаҳои бузурге дар он тарҳрезӣ ва барои амал таҳия гардидаанд, ки иҷрои онҳо дар баробари рисолати бузургро аз ҳар як фарди бедордили тоҷик тақозо намудан, имконият медиҳанд, ки мо бо амалкарди хеш тибқи ин дастур ва номаи ҳидоят ба фардо умри абади истиқлолияти милливу маънавии хешро таъмин ва роҳи садсолаҳои пур аз ибтикори Тоҷикистони азизро ба рӯи хеш боз ва дар ин ҷода қадамҳои устувор гузорем.