Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсди ба ҳар як сокини ноҳияи Носири Хусрав дастрас намудани нашри махсуси “Ҳамрози халқ”, ки Муроҷиатномаи Ситоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сокинони вилоят дар ростои инихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалли вакилон чоп гардидааст, Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳудуди Ҷамоти деҳоти Фирӯза Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Барои бунёди давлати демократӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳисса мегузорем» баргузор намуда, нашри махсуси рӯзномаро бо иқдоми даст ба даст ва хона ба хона ба ҳар як сокини Ҷамоат ва ҷавонону наврасон дастрас намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун шаҳрванди озоду масъулиятшинос санаи 1-уми марти соли 2020 дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба ҲХДТ, ки дар рӯйхат таҳти №7 номнавис шудааст ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳанд.