Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Мирзообод”-и ҷамоати деҳоти Наврӯз дар участкаи интихоботии № 27 ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ноҳия бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия ба интихобкунандагон муҳтаво ва шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба интихобкунандагон фаҳмонида, қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як роҳнамо ва дастури муътамад хизмат хоҳад кард. Дар Паём дар масъалаи ҳарчи бештари таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли аҳолӣ диққати махсус дода шуд.
Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи №27 муовини якуми раиси ноҳияи Носири Хусрав Холбойзода Нематулло Холбойро ба интихобкунандагон шинос намуданд. Номзад ба вакилӣ ба интихобкунандагони ҳавза оид ба барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифта, таҳия шудааст, шарҳу тавзеҳ дода, нақшаҳои пешазинтихоботии худро пешниҳоди интихобкунандагон гардонид.