ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда, дар бораи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад.
Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд, иброз дошт дар баромадаш раиси Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ Давлатҷон Ғаффорзода.