БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКУ САРФАКОРОНАИ ОБ МАҚСАДУ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “КДФО”- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар баромади хеш  қайд карданд, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар 40 соли охир аз таъсири гармшави иқлим беш аз 1000 пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст. Дар солҳои минбаъда паёомадҳои манфии тағирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешед. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ муаррифӣ гардида, иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас  ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳими ҲХДТ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg