ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии "Бӯстон" баргузор гардид.
Нахуст, дар мулоқот масъулин дар бораи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба масъулин дода буданд, суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, аз Барномаи пешазитихоботии ҲХДТ намояндагони ҳизбӣ иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, тадбирҳои рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, ба роҳ мемонад.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи 1 - марти соли ҷорӣ бо симои идона ба участкаҳои итихоботии маҳаалашон рафта, ба тарафдории номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.