ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 дар ташкилоти ибтидоии «Бунафша»-и Ҷамоати Дарқад мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.