БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо бо такя ба нерӯи созандаи халқ душвориҳои мавҷударо ҳал менамоем

ҲАМАДОНӢ.   Кормандони масъули Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Сафаралї Мусофиров ва Фирўз Пиров бо сокинони мањаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати шањраки Москва оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тақвият бахшидани робита бо маҳал вохӯрї баргузор намуданд.

Масъулин  дар назди иштирокдорон оид ба самтњои афзалиятноки фаъолияти Њизби Халќии Демократии Тољикистон сухан ронда, инчунин дар бораи пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботњои ќонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карданд. 10 нафар истиќоматкунандагони мањаллаи номбурда ба унвонии Кумитаи иҷроия  ариза пешнињод намуданд ва онҳо ба сафи  ЊХДТ пазируфта шуданд.

Дар охир  бо дастгирии иштирокчиён дар  мањаллаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg