ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Темурмалик” баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ иброз намуд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт. Ҳамзамон, бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмиллалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият ва файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегиранд.