Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯриҳои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи интихоботии Χалолиддини Балхӣ №32 ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шуъбаи фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо нтихобкунандагон баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вашх №32 Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №44 Абдусаломзода Анзурат Абдусалом ва дигарон иштирок намуданд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо шаҳри ҳол ва ҳаёту фаъолияти номзадҳоро муаррифӣ намуда, нисбати шахсияту касбияти онҳо суханҳои воло гуфтанд.
Сафарзода Бахтовар зимни баромади хеш барномаи пешазинтихоботии худро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифтааст, манзури интихобкунандагон гардонид.