Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки «Гулистон» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Масъулин сухбат атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Презенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома пешазинтихоботии ҲХДТ иштироки фаъол дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ибрози андеша намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки тавре қайд гардид, Паёми навбатии Сарвари давлат фарогири тамоми масъалаҳои мубрами рўз буда, бо дарназардошти протсесҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар манотиқи дигари ҷаҳон ва нигоҳи воқеъбинона ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлату ҳукумат муфассал баён гардид. Паёми имсоларо метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шудаанд, саривактӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд.
Дар анҷоми вохўри масъулин ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардониданд.