НОРАК. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди минтақаи манзилии №4-и шаҳри Норак вохӯрии номзадҳои пешниҳоднамуда аз ҲХДТ бо иштироки васеи интихобкунандагон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок ва баромад намуда, таъкид сохт, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, аз ҳар як шаҳрванди бонангу номус масъулияти баланди ташкилию сиёсиро талаб мекунад.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби шахсони боэътимоди номзадҳо муаррифинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба аҳли толор расонида шуд.
Дар идома ҳозирин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда овози худро диҳанд. Мулоқот бо ироаи пешниҳоду дархостҳои сокинон хотима ёфт.