НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар минтақа манзилии №4 ва деҳаҳои Даҳана-1, Даҳана-2-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо интихобкунандагон вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзадҳо доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом иштирокдорон якдилона Барномаи ҳизбро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз медиҳанд.