МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар кӯчаи «Ҷ.Румӣ»-и ҷамоати шаҳраки Муъминобод мулоқот баргузор гардид.
Нахуст, масъулин дар хусуси моҳияти Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзади он андешаҳояшонро баён намуда, қайд карданд, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2019 ироа гардид. Дар навбати худ иштирокчиён гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун қутбномае дар роҳи созандагӣ истифода хоҳанд бурд.