БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати созанда ва ҳадафҳои ватанпарастонаву инсондӯстонаи ҲХДТ дар маҳал тарғиб мешаванд

ФАРХОР. Бо иқдоми неки  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки соли 2018-ро барои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон «Соли тақвияти робита бо маҳал» эълон намуданд, ин иқдом фурсати муносибро фароҳам овард, ки фаъолияти созанда ва ҳадафҳои ватанпарастонаву инсондӯстонаи ҲХДТ, ки ҷавҳари онро таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад, дар маҳал бештар тарғибу ташвиқ гардида истодааст.

Ин навбат бо сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ғалаба вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолият ва ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳамзамон, бо пешниҳоди сокинон дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Сурхоб» таъсис дода шуд.

Дар охири вохӯрӣ сокинон иброз доштанд, ки мо ба ояндаи ободи Ватан  ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди қавӣ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg