БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН ҶОНИБДОРИ ҲХДТ ВА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ОН МЕБОШАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии №13-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон  вохӯрии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинон доир гардид.

Дар суҳбат қайд карда шуд, ки вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ  ва шиносоӣ бо онҳо ба роҳ монда шудааст.

Намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми навбатӣ сухан гуфта, бандҳои алоҳидаи онро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат чун ҳамешагӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паём зикр гардиданд бешак дар рушду пешрафти соҳа ва дар умум мамлакат нақши муҳим хоҳанд дошт,

Инчунин, дар идома  бандҳои алоҳидаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди суҳбат қарор гирифта, зикр шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» пешниҳоди шаҳрвандон  гардидааст, ки 8 самт ва 30 бахшро дар бар мегирад.

Дар интиҳо миёни аҳли нишаст вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида суҳбати гарму самимӣ доир гардид ва мардум ҷонибдории худро аз ҲХДТ ва номзадҳои он изҳор доштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg