КӮШОНИЁН. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои гуруҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Зарифҷон Наимов” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода сухан рафта, аз интихобкунандангон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун шаҳрвандони озоду масъулиятшинос санаи 1-уми марти соли 2020 дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.