БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ АЗ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО САРЧАШМА МЕГИРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бо иштироки интихобкунандагон ва номзад аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №6 Ҳамидиён Орзу ва шахси бовариноки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода вохӯрӣ доир карда шуд

Сараввал рохбарияти  Кумитаи иҷроия  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  воқеан, барномаи корие барои рушди  минбаъдаи  кишвари азизамон буда,  барои  расидан ба ҳадафҳои стратегии дарпешистода   заминаҳои мусоидро  фароҳам  меорад. Инчунин,  дар рафти суҳбат оид ба  хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ     нисбати   ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус соҳаи иҷтимоиёт  суханронӣ  намуда, дастгирии ин соҳаро яке аз барномаҳои ҲХДТ арзёбӣ намуд.

Дар охир, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи  парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg