КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар факултаи забонҳои хориҷии ДДК суҳбат бо интихобкунандагони ҷавон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Зимни суҳбат масъулин оид ба ҳадафҳои созандаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ гуфтааст: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд” Аз ин рӯ ҳар яки мову шумо вазифадорем, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбуби худ саҳмгузор бошем.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона иштирок намоянд.