БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕНАМОЯНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо донишҷуёне, ки дар хобгоҳи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ иқомат мекунанд,  доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию тундрав суханронӣ намуда, афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушду пешрафти онҳо ғамхорӣ ҳаматарафа зоҳир менамояд.

Метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама соҳаҳои муҳим кору фаъолият карда,  мавқеи ҷавонон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст.  Пас, моро лозим меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳему дар маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки санаи 1-уми март доир мегардад,  сарбаландона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда овоз диҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg