ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар бо иштироки гурӯҳи таблиғотии Ситоди Марказии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки фаъолони Ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот, интихоби вакили арзанда андешаронӣ намуда, сипас номзадҳои ҲХДТ ҳар яке бо навбат роҷеъ ба барномаҳои пешазинтихоботии хеш суханронӣ карда, мардумро барои интихоби одилона ҳидоят намуданд.