БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст мекунем

МУЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии илмии Муъминобод» бо кормандон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Лоиқов Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуднд.

Инчунин, дар хоҷагии мазкур узви фаъоли ҲХДТ Лоиқов Ҷамшед аз нав  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg