ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кишоварзони ноҳияи Ёвон соли 2019-ро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифта, баҳри ҳидоятҳои пайгиронаи Пешвои миллат аз як замин то се ҳосил ба даст оварданд. Бо ҳамин мақсад дар давраи пешазинтихоботӣ бобати муаррифӣ ва баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” ҷамъомад баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии “Баҳор” яке аз беҳтарин ва фаъолтарин ташкилот дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки бозорҳои ноҳияро дар чор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин менамояд. Зимни баромади намояндагони ҲХДТ ва номзадҳои он ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.