ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар давраи пешазинтихоботӣ бобати муаррифӣ ва баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии “1 май”-и Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025 муфассал андешаронӣ карда шуда, сипас номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон, номзад ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 36 Олтибоева Гулрухсор ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Ортиқов Саъдулло ва Алматова Насиба оид ба вбарномаҳои пешазинтихоботии худ ва шахсони боэътимодашон суханронӣ намуданд.