ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар давраи пешазинтихоботӣ бобати муаррифӣ ва баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии соҳаи “Тандурустӣ”-и ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025 дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаронӣ карда шуда, ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.
Сипас, номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдуллоева Раъно ва номзади ноҳиявӣ Буриев Муҳамаддовуд ва Ҳасанзода Қаҳорбек суханронӣ карданд.