ДӮСТӢ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаҳои “Зафаробод” ва “Тоҷикобод” баҳри тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва ба мардум фаҳмонидани тарзи дурусти иштирок ва раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Дар вохӯрии мазкур 250 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуда, иброз доштанд, ки барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии босубот ба номзадҳои ҲХДТ овоз медиҳем.