БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ДАНҒАРА. Дар ростои Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.    Бо  мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он  дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи  “Боботупхона”-и  ноҳияи Данғара  бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримзода Пирмуҳаммад бо сокинон ва  хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат  масъулин  оид Барномаи ҲХДТ баромад намуда, қайд дкарданд, ки мо ҳизбиён ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош намоем, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд. Зеро  ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз иштироки фаъолонаи мо дар интихобот вобаста аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg