БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО ИДОМА ДОРАНД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Пушинг” бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36 бо  интихобкунандагон суҳбату вохӯрӣ  ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни   суҳбату вохӯриҳо масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои  2020 - 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ суханронӣ карда,  аз интихобкунандагон барои интихоби дурусти номзад ва иштироки фаъолона  дар рӯзи интихобот даъват ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg