БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Камолоти зеҳнии наврасону ҷавонон – кафолати фардои шукуфон!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Неъмат Қарабоев вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо  ҷавонон дар ноҳияи Кушониён Саидшо Асроров  баромад намуда, вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он,  амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд суханронӣ намуд.

Инчунин, зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирии  паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  аз қабили ВИЧ/СПИД, сил ва умуман гигиенаи шахсӣ, рушди  ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, огоҳонидани шаҳрвандон аз хатарҳои ҷаҳони муосир суханронӣ карданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ дар маҳалла  ташкилоти ибтидоии ҳизбии бо номи “Н.Қарабоев” таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg