ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС» бо аъзо ва ҷонибдорони ӽизб доир гардид, ки дар он муҳтавои Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ карда шуданд.
Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, зикр намуданд, ки масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоӽи ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоӽӣ ва сатӽи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Дар ин радиф масъулин дар бораи сиҳатии омма боигарии давлат ва рушди ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат унвон карда шудааст, суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои ҳифзи солимии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ карданд.