ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрии навбатии худро ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар маҳаллаи Шар-Шар доир намуданд.
Нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ таъкид дошт, ки интихобот муҳимтарин василаи иштироки мардум дар идора намудани давлат ба шумор меравад ва шахсоне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд лозим аст дар ин маъракаи сиёсӣ бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, баҳри ояндаи босубот ба номзадҳои арзандаи худ овоз диҳанд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ номзадҳо низ суханронӣ намуда, бо интихобкунандагон аз наздик шинос шуда, хоҳишу дархостҳои онҳоро бо хушнудӣ қабул карданд.