БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРӢ АЗ ҲХДТ- ҲИМОЯТ АЗ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИСТ!

АНДЕША. Барномаи ҳар як ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бо ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо ки ва бо чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 25-сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофии ғояҳои созандаву бунёдкорона муттаҳид намуда бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

      Дар рафти Анҷумани Х111-уми ҲХДТ Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳизб дар давоми 25-соли мавҷудият ёдовар гардида иброз доштанд, ки Робита миёни ҳизб ва ҷомеа тули ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфта истодааст.

     Бояд гуфт, замоне, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва ҳамчун нерӯи сиёсӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ барномарезиро оғоз намуд, он вақт иқтисодиёти кишвар бо тамоми маъно вуҷуд надошт, хазинаи давлат пурра ғорат шуда буд ва он вақт танҳо барои ба вуҷуд овардани иқтисодиёти миллӣ гап мерафт. Ҳамон вақт баъзеҳо ба ислоҳоте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаҳояш пешниҳод менамуд, хусусан ба деҳқон додани замин, барқарор кардани хоҷагии қишлоқ, рушди соҳибкории хурду миёна, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум бисёр бо эҳтиёт ва ҳатто дудила муносибат мекарданд. Аммо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тамоми қишрҳои ҷомеаро ба муваффақона амалӣ намудани барномаҳояш дилпур сохта барои анҷоми вазифаҳои дар пеш гузошташуда мутаҳид намуд. Ин буд, ки баробари ироаи тасмими Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба сохтмони бунёди НБО-и Роғун тамоми мардум ба по хест ва ин иқдом дастгирии саросарӣ ёфт. Гузашти замон ва алакай ба истифода дода шудани ду агрегати ин иншооти аср бори дигар собит сохт, ки чунин тасмимҳои барномавии ҳизб хеле ҷиддӣ ҳастанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дунболи шиорпартоиҳои хушку холӣ нест.

     Бояд гуфт, ки бо шарофати саҳми сазовори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи макроиқтисодӣ ва рӯшди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин гардида дар давраи татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 2-маротиба афзоиш ёфт. Даромади пули аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳоли дар кишвар аз 80%-и 25-сол пеш дар соли 2019 ба 27,5% коҳиш дода шуд.

     Дар доираи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 бошад шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба танзим даромада бо 60% зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ 50% коҳиш дода шуд. Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои ҷавонон ва калонсолон зиёд карда шуд. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули ҳунари ҳунармандони мардумӣ, пурра аз андоз озод гардида, барои ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ чораҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

     Хулоса, мардум имрӯз худ хуб эҳсос намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидани ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа кафили боэтимод ҳасту хоҳад монд ва ҷонибдории худро ба он дар амал иҷро намуда бо умеди зиндагии бо саодат дар интихоботи дар пешистода фаъолона ширкат менамоянд.    

 

Муродова Ҳусноро, номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg