АНДЕША. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон орзую омоли халқи мо ифода ёфта, ҳаёти муътадили ҷамъияти мо инъикос ёфтааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ин ҳизби созанда ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар ҳайати мардуми тоҷик нақши арзанда дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор дошта бошанд.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои Стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.
Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.
Гулов Раҷабалӣ, номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.