АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, 10-декабри соли 1994 бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вазъияти хеле мураккаб таъсис дода шуд.
Солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистон зери даргириҳои фоҷиабор ва миллати тоҷик бесаробон монда буд ва дар лаҳзаҳои хатари азбайнравии миллат ва пора-пора шудани кишвару ба зери дасти давлатҳои мутаариз афтодани онҳо Худои бузургу меҳрубон ба халқи мо Сарвари оқилу доно Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.
Ин абармарди ҷаҳони сиёсат мардона қавл дод ва ба қавли хеш вафо карда, аз як Тоҷикистони ғарқи хуну дуди оташ ва пора-пора, ки рў ба нестӣ оварда буд, Тоҷикистони навину гулзор офарид. Ин ҳизб Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Раиси маззамаш аз парокандагӣ раҳо карда, миллати парокандаашро сарҷамъ намуд. Маҳз бо шарофати ин ҳизб дар як муддати кўтоҳ мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро оламиён шинохтанду эътироф намуданд.
Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беҳтар кардани зиндагии мардум буда, ҳизбӣ ормонҳои халқ аст, ки марҳилаи сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрўз як ҳизбӣ созанда ва муттаҳидсоз ин давраи таърихиро сарбаландона тай намуд, бинобар ин ман ба ин ҳизб овоз медиҳам.
Бобокалонов Маҳмадзиё, номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон.