БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ХАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ АСТ!

АНДЕША. Имрӯзҳо мо мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи ҳассоси сиёсӣ қарор дорем, зеро баъди чанд рӯз маъракаи ниҳоят муҳим, яъне интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Дар арафаи интихобот ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар ба таври озод ба таблиғи ҳадафҳои ҳизбашон, барномаҳои пешазинтихоботии хеш, муаррифии номзадҳои пешбарикардаашон ба вакилӣ аз шароиту имкониятҳои баробар истифода бурда истодаанд. Дар мамлакат барои баргузории интихоботи озоду шаффоф фазои созгори ҳуқуқӣ фароҳам омадааст, ки нишонаи ба таври демократӣ сурат гирифтани интихобот мебошад.

Дар давраи пешазинтихоботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо ва ноил гардидан ба гирифтани овозҳои бештари раъйдиҳандагон тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст. Аз 2-юми январи соли равон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ таъсис дода шудааст, ки ба он 21-нафар фаъолони ҳизб шомил буда, масъалаҳоро ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба  интихобот, пешниҳоди саривақтиии ҳуҷҷатҳои номзадҳои пешбаришуда, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, шиносоии номзадҳо бо интихобкунандагон ва ғайраро ҳаллу фасл менамоянд.

Шуруъ аз дуюми январи соли равон аъзои Ситод дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва бо аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия ҳамарӯза, ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои ҲХДТ ҳамчунин, бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат суҳбату вохӯриҳоро доир намуда истодаанд. То имрӯз Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳр бо ҷалби кормандони корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки Кумитаи иҷроия дар онҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доранд 39 сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз нақшаву ҳадафҳои болозикр интихобкунандагонро огаҳ намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки чунин шакли фаъолият барои боло бурдани донишҳои сиёсии мардум нақши созгор дошта, мафкураи онҳоро бо ғояҳои солиму созанда пур месозад. Маҳз тавассути чунин вохӯриҳо мафҳуму муҳтавои интихобот ба мардум фаҳмонида шуда, иштироки фаъолонаи онҳо дар рӯзи интихобот таъмин мегардад. То имрӯз 5 ҷаласаи ситод гузаронида шуда, аъзои ситод вазифадор шудаанд, ки:

-кори тарғиботиро ба таври қатъӣ тибқи ҷадвалҳои тасдиқшуда, дар ҳар маҳал ва ё деҳа дар алоҳидагӣ баргузор намоянд:

-ташвиқоту тарғиботро бо интихобкунандагони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ» ба таври ҳатмӣ ба роҳ монанд.

-корҳои амалиро дар заминаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо, амсоли кӯмаки ниёзмандон, роҳсозию таъмири кӯпрукҳо, обкашонию шинонидани ниҳолҳо, дастгирии мактаб ва тақдими китобу дигар лавозимоти хониш ба мактабҳо ва ғайра, бо кӯмак ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии корхона, муассиса ва ташкилотҳо, номзадҳои ҳизб ва соҳибкорону дигар фаъолони ҳизбамон тақвият бахшанд;

-ҷиҳати ба аҳолии деҳа дастрас шудани нашри махсуси «Ҳамрози халқ» масъулиятнокӣ зоҳир намоянд;

-зимни баргузории мулоқот бо мардум оммавияти онро таъмин намуда аз усулҳои муосир барои дар хотираи мардум ҷой шудани ҳадафу мақсадҳои ниҳоии ҲХДТ чораҳо андешанд;

-ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти амният тақвият бахшида, оиди омилҳои манфӣ ва бартараф намудани онҳо ба тариқи фаврӣ чораҳо андешанд.

Фаъолияти самарабахши Ситоди пешазинтихоботӣ барои ба даст овардани овозҳои бештари интихобкунандагон ба тарафдории ҲХДТ ва муваффақ шудани номзадҳои пешбаришуда мусоидат менамояд. Мо бояд талош баҳри шаффофу озод сурат гирифтани интихобот дошта бошем ва ифтихор аз он намоем, ки ҳизби мо чун неруи тавонои сиёсии кишвар дар эҷоди фазои бовару эътимоди зикршуда миёни давлату ҷомеа, ба вуҷуд овардани муҳити рақобати солиму созанда дар миёни ҳизбҳои сиёсӣ нақши бузургеро дорост.

Аз ин рӯ ҳамаи мо, ҳамҳизбиёни азиз, бояд барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва дар умум расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсиамон тамоми кӯшишҳои хешро равона созем.

 

С.Ватанзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg