БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

АНДЕША.  Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ миллати тоҷик дар шароити ниҳоят вазнину ноором қарор гирифта, марҳилаи нави давлатдории худро оғоз намуд. Ҳукумати мамлакат барои бартараф намудани мушкилотҳои зиёд ба монанди муттаҳид намудани миллати тоҷик, барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷгардида, пешгирии ҷинояткорӣ ва роҳ надодан ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои силоҳбадаст талош мекарданд.

          Бо ҳидояту талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатӣ дар самти ҳарбӣ низ назаррас буд. Новобаста аз вазъи печидаи муноқишаҳои дохилии кишвар ва рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дарк намуданд, ки бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ  мушкилотҳои кишвар бартараф карда намешавад. Чунки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруҳои мусаллаҳи давлат ҳастанд, ки барои посдорӣ ва нигаҳбонии якпорчагии кишвар аз дастдарозии душманон созмон ёфтаанд.

         Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите шуруъ шуд, ки барои бунёдаш ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дивизяи 201-ум ҷойгир буд. Таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар мамлакатамон бо Иҷлосияи барои халқи тоҷик басо арзишманд робитаи зич дорад, чунки Қувваҳои Муссалаҳ аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бо шарофати ҳамин Иҷлосия 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфт.  Яке аз аввалин фармонҳои роҳбари навинтихоби давлати соҳибистиқлоли мо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси қисми ҳарбии 3571-и назди Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

          Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин рӯ ба халқу Ватан оварда таклиф менамуд, ки ҷавонони миллати тоҷик муттаҳиду ягона бошанд ва дар яке аз суханрониҳояшон баён намуданд, ки «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ гирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».

         Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муддати кӯтоҳ таъсис ёфта то соли 1997 ба намудҳои гуногуни  қушунҳо аз ҷумла Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушунҳои зудамал ва боз дигар ҷузъу томҳо созмон дода шудаанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ Ҳукумати мамлакат дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтари низомӣ, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёде амалӣ ёфта беҳбудии шароити ҳарбӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти мамлакат қарор гирифт.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муқарар карда метавонад, ин қудрати ҳимояӣ ва техники Артиши миллӣ мебошад, ки Президенти мамлакат таъкид кардаанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир бошад.» Аз ин рӯ дар мамлакати мо кушиш ба харҷ дода мешавад, ки Артиши миллӣ ташаккул дода шавад, иқтидори мудофиавӣ ва тайёрии низомии кишвар баланд гардад.

          Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд соҳаи ҳарбиро ба як сохтори боэътимод табдил доданд, ки ҳамчун поягузори Артиши миллӣ эътироф шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни кишвар ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо як қаноатмандӣ иброз доштанд, ки “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботи оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд.”

          Артиши миллии кишвар дар солҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи Ватан, безараргардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

          Президенти мамлакат дар ҳар як баромадҳои худ таъкид мекунанд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванди кишварро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, чунки яке аз асоси сабабҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ махсусан нокифоягии савияи идроки сиёсӣ буд. Аз ин рӯ моро ҳушдор месозад, ки омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдро аз даст надиҳем.

         Ҳифзи марзу буми Ватан ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ уҳдадории Конститутсионии шаҳрвандони кишварамон мебошад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

         Боиси хурсандист, ки насли ҷавони кишвар моҳияти арзишҳои олӣ-ватандӯстиву ҳимояи Ватан-Модарро дарк намудаанд. Имрӯз вазифаи волидайну омӯзгорон, сохторҳои дахлдор ва умуман тамоми табақаи ҷомеа барои ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии насли наврас равона шавад ва тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, то ки садоқат ба анъанаҳо ва ҳифзи Ватан ҳадафи ҳамешагии онҳо бошад. Ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд дар онҳо ташаккули ифтихормандӣ эҳсос мешавад. Ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид мешавад, савганди ҳарбӣ ёд мекунад ва хизмати ҳарбӣ аз ӯ пеш аз ҳама иродаи матин, донишу маърифати муосир, эҳсоси садоқату самимият ба халқи Ватанро талаб менамояд.

         Бояд қайд намуд, ки тамоми шароитҳо барои хизмати сарбозон дар сафи Артиши миллӣ муҳаё гаштаанд то мушкилоте садди роҳи онҳо нагардад. Имрӯз Тоҷикистон баҳри ҳифзи марзу буми худ истодагарӣ карда метавонад, чунки ҷавонони бонангу номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар сарбаландона адо мекунанд ва тамоми маҳорату дониши худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

          Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “Ман ба ғайрату матонат, далерию шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд”.

 

ШОЕВА Дилноза -  мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg