БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар қатра оби Ватан барои мо муқаддас аст

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робита бо маҳал ва  таъсиси ташкилотҳои нави ҲХДТ, ки яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбад, бо ин мақсад  бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо иштироки раиси он Раҷабзода Маҳмадсаид ва  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Эмомалӣ бо сокинони деҳаи Танобчии миёнаи ҷамоати деҳоти Танобчӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба иштирокдорон фаҳмонид.  Дар рафти мулоқот оид ба пешниҳоди арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муфассал суханронӣ намуд.

Дар ин раванд доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони маҳалла  Норбутаева Боғигул ва Хушвахтова Сайёра андешаҳои худро оид ба масъалаҳои  мазкур баён карданд.

Инчунин,  дар рафти вохӯрӣ 5 нафар сокинон ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  барои шомил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуданд, ки онҳо бо қаноатманди ба сафи аъзогии ҲХДТ пазируфта  шуданд.  

Дар охир дар  деҳаи Танобчии   миёна ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он узви фаъоли ҲХДТ  Норбутаева Боғигул интихоб гардид.     

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg