БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ҲАМЕША ДИҚҚАТИ ҶИДДИ ЗОҲИР НАМОЕД!

 АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аҳли маорифро вазифадор менамояд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша диққати ҷидди зоҳир намоем. Пешвои миллат зимни мулоқоту вохӯриҳояшон дар саросари  мамлакат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тамоми ашхосу ниҳодҳои алоқаманд даъват месозанд, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва донишандӯзию парастиши дӯстиву ваҳдат тарбия намоянд. Сарвари кишвар нисбат ба такдири созандагони фардои миллат хонандагони имрӯзаи таълимгоҳҳо  ҳамеша тадбирандешӣ мекунанд ва мехоҳанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат комил инкишоф ёфта ва соҳибхираду тадбиркор бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо хонандагон дар мактабҳо суҳбату мулоқотҳои самимӣ ороста, нисбат ба онҳо падарвор ғамхорию меҳрубонӣ мекунанд. Пешвои миллат наврасону ҷавононро даъват менамоянд, ки хуб таҳсил кунанд, ҳарчӣ бештар дониш омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ бикунанд, технологияи муосирро дурӯсту мукаммал истифода карда тавонанд. Бидуни ин сифатҳо дар ҷаҳони муосир муваффақ шудан имкон надорад. Президенти Ҷумҳурӣ махсусан, ба забономӯзии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд доранд ва инро яке аз омилҳои асосии комёбии онҳо медонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳар як ҷавони имрӯз бояд 2-3 забони хориҷиро донад ва донистани забонҳои русию англисӣ барои ҷавонони тоҷик бештар аҳамият дорад. Воқеан, донистани забони русӣ ва англисӣ ба ҷавонони мо имкон фароҳам меоварад, ки дар қаламрави тамоми давлатҳо озодона муошират кунанду фаъолияти пурсамарашонро таъмин созанд. Дар баробари ин, Сарвари кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки донистану омӯхтани ҳар забоне танҳо дар заминаи хуб донистани забони модарӣ имконпазир мегардад. Забони модарӣ бояд василаи ифтихори ҳар шахс, як омили нангу номуси ӯ бошад. Забони модариро самимона бояд дӯст дошту баҳри ҳифзу рушдаш ҷиду ҷаҳд бояд намуд. Дар Паёми навини Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин суханони пурмеҳр ва ҳидоятгар садо доданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифзкунем».

Мо, омӯзгорон, бояд ҷавобан ба чунин ҳидоятҳои ватанпарастонаи Пешвои миллат бо азму иродаи дучанд фаъолият намоем ва аз ҷумла, барои таълими забонҳои хориҷӣ ба шогирдонамон аз усулҳои фаъолу пурсамари тадрис васеъ истифода бикунем. Бояд гуфт, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои дарёфти маълумоти васеъ аз фанҳои дигар мусоидат мекунад.

Албата, илму дониш аз омӯзиш, хондани китоб сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби “Тоҷикон” – и академик Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давалат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Чунин иқдоми ҷавонмардона омӯзгорони муассисаи моро, бахусус, омӯзгорони таърихро хушҳол намуд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУ-и №39 мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Умуман ҳар як нуқтаи Паём омӯзандаву пурманфиат буда, он раҳнамои ҳар як сокини Ҷумҳури мебошад. Танҳо  дар сурати иҷрои он аз ҷониби ҳамаи соҳаҳо метавонем ба комёбиҳои зиёди беназир ноил шавем.

Сафойва Хайригул, номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз ҳавзаи интихоботии № 30.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg